Чавонон кувваи бузург хастанд ва хар миллат дар хар давру замон аз чавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, чавонон дар маркази хама гуна таъгироту табаддулотхои чидди ва хам нек дар кишварашон буданд. Масалан, чавонон ба мисли Сухробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатхои миллат хамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, Жанна д-Арк барои истиклоли Ватанаш чонашро фидо карда буд, гурухи чавонон инкилобхои демократиро дар кишвархои Аврупову Осиё ба вучуд оварданд ва имрузхо чавонони ба идораи давлати чалбшуда дар кишвархои собик Шурави, аз чумла Казокистону Руссия, ба пешрафти нисбии сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд. Хатто дар Амрико махз чавонон барои раисчумхури нави ин кишвар интихоб шудани Борак Обамо аз хама таъсири бештаре доштанд. Бинобарин, таърихи инсоният аз гувохи он, ки чавонон неруи созандаи бузург хастанд, саршор аст.
Аммо, имрузхо ваъияти миллату кишвари мо новобаста аз баъзе пешравихо умуман вазнин арзёби мешавад ва чавонони Точик, ки агар шахсони синнашон аз 15 то 35-ро инчо ба назар гирем, муттаасифона, аз мактабу донишгох ва фаъолияти сиёсиву ичтимои дилсард гашта дар кучаву бозорхо мегарданд ё бештарашон ба хаёти сангини мухочирати мехнати гаравгон гашта, аз оилаву фарзандон ва тахсилу такмили ихтисос дур мондаанд. Хол он, ки мувофики оморхои расми бештар аз нисфи ахолии чумхури ва инчунин, мухочирони мехнатии Точикистонро чавонон ташкил медиханд.
Агар чавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории муносибе барои татбики илми худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, пас чи гуна миллат аз чавонони дилсарду мухочиру мардикораш умедвори ояндаи нек бошад? Бале, мушкилихои чавонон то хол хеле зиёданд. Сар карда аз он, ки устодони мактабу донишгоххо маоши ночиз мегиранд ва бо ин сабаб ба сифати омузиш ахмияти кофи дода наметавонанд ва дар натича аксари чавонон саводи хеле кам мегиранд. Баъдан, чун онхо мувофики илму касби худ корхои бо шароити мувофике ёфта наметавонанд, аксаран бекор ё мухочири мехнати хастанд, ки таъсири манфие ба мафкура ва рушди кобилиятхои чавонон мегузорад. Ин дар холест, ки дастраси доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофике ба касбу зиндаги шарти асосии муваффакияти хар як яъзои чомеа ва рушди миллат аст.
Албатта, дар хама кишвархо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои чавонон фарк мекунад ва агар чамъияти имрузаи мо чунин имкониятхои заруриро барои чавонон мухайё карда натавониста бошад, мо худ онро бояд биёбем ё бисозем. Яъне, агар имконият ба суи мо наояд, мо ба суи имконият бояд харакат бикунем.
Гарчанде, ки чавонон кувваи бузург шуда метавонанд, вале ин кувваро танхо дар ягонаги ва хамрох будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, ин андешаву хулосахо моро водор мекунад, ки боз хам хамкориву хамохангсозии фаъолиятхои ниходхои давлати ва гайридавлатиро ба хотири бехбудии вазъи чавонони имруз, ки фардои миллат аз онхо вобастаги дорад, таракки бидихем. Таълиму тарбияти чавонон дар рухияи механпарвари, илму фархангдусти ва арзишхои демократи бояд дар хукумат ва чомеа диккати аввалиндарача дошта бошад.
Дар ин чодда пешниходи таъсиси як созмони наве бо номи Анчумани Чавонони Точик (АЧТ) пуштибони пайдо кардаат, ки кори худро ба наздики шуруъ хохад кард. Максади асосии АЧТ ин баёнгари масъалахову манфиатхои чавонони Точик будан ва кумак намудан ба эхё ва рушди фархангу иктисоду сиёсати Ватани мо – Точикистон аст. Хамчун як икдоми нахустин, АЧТ аллакай баъзе пешниходхои мушаххаси зеринро барои пешрафти сохаи чавонон тартиб додааст ва омода аст, ки барои амали гардонидани онхо мусоидат намояд:
Чалб кардани чавонони то 35 сола, ки дониш ва тачрибаи ватани ва хоричи дошта бошанд, ба вазифахои мухими идоракуни дар хар як вазорату кумитаву хокимияти шахру вилоятхо. Умуман, то 30% зиёд намудани шумораи кормандони чавон дар хама сохахои давлатдори, аз чумла дастгохи раисчумхур.
Таъсиси додани бунёди (фонд) милли махсус барои тайёр намудани кадрхои нави чавон дар кишвархои пешрафтаи чахон дар сохахои мухимтарин барои кишвар. Гузаронидани озмуни кушод ва шаффоф барои чудо кардани кумаку бурз (стипенд) давлати барои аккалан 500 нафар довталабони бехтарин бо сафарбар намудани онхо ба омузишхои касбии аз 1 то 10 моха.
То 50% зиёд кардани маблаггузории марказхои чавонон дар хама шахру нохияхо ва тартиб додани барномахои нави омузиши, варзиши ва фарханги барои чавонони кишвар
Таъсис додан ё дастгири намудани 10 созмони калонтарини чавонон дар саросари чумхури
Бинобарин, биёед хамрох бошем, ки хамрох мо нерумандем ва кувваи мо дар ягонагист.
Рохбарияти АЧТ